Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Банд кардани шоҳ Гуштосп Исфандёрро

Чу оЗанд – китоби мазҳабии Зардушт, шарҳи Авастогоҳ шуд шоҳ, к-омад писар,
Кулоҳи каӣ барниҳода ба сар.
Меҳону кеҳонро ҳама хонд пеш,
Ҳамон Занд бинҳод дар пеши хеш.
Ҳама мӯбадонро ба курсӣ нишонд,
Пас он хусрави теғзанро бихонд.
Биёмад гави даст карда дароз,
Ба пеш андаромад, бибурдаш намоз.
Биистод дар пеши ӯ бандафаш,
Сарафкандаву дастҳо зери каш.
Шаҳи хусравон гуфт бо мӯбадон,
Бад-он родмардону испаҳбадон.
Чӣ гӯед – гуфто, ки озодае
Ба сахтӣ ҳамепарварад зодае.
Ба ҳангоми шираш ба доя диҳад,
Яке тоҷи заррин-ш бар сар ниҳад.
Ҳаме дорадаш, то шавад чирадаст,
Биёмӯзадаш хӯрдану барнишаст.
Басе ранҷ бинад гаронмоя мард,
Саворе кунад-ш озмуда набард.
Пас озодзода ба мардӣ расад,
Чунон чун зар аз кон ба зардӣ расад.
Мар ӯро биҷӯянд ҷӯяндагон,
В-аз ӯ беш гӯянд гӯяндагон.
Саворе шавад неку пирӯзи разм,
Сари анҷуманҳо ба разму ба базм.
Ҷаҳонро кунад яксара зери пай,
Бибошад сазовори дайҳими кай.
Чу пирӯз гардад, кашад ёлу шох,
Падар пир гашта, нишаста ба кох.
Надорад падар ҷуз яке тоҷу тахт,
Нишаста ба айвон, нигаҳдори рахт.
Писарро ҷаҳону дирафшу сипоҳ,
Падарро яке тоҷи заррину гоҳ.
Набошад бад-он низ ҳамдостон,
Шунид аз шумо кас чунин достон?
Зи баҳри яке тоҷу афсарАфсар – тоҷ, кулоҳи подшоҳӣ писар,
Тани бобро дур хоҳад зи сар.
Кунад бо сипоҳе худ оҳанги ӯй,
Ниҳода дилаш тез бар чанги ӯй.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ