Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Рафтани Гуштосп ба Систон ва лашкар оростани Арҷосп бори дигар

Баромад басе рӯзгорон бар ӯй,
Ки хусрав суи Систон кард рӯй.
Ки он ҷо кунад Занду Асто раво,
Кунад мӯбадонро бад-он - бар гуво.
Чу он ҷо расид он гаронмоя шоҳ,
Пазира шудаш паҳлавони сипоҳ.
Шаҳи Нимрӯз он ки Рустам-ш ном,
Савори ҷаҳондида ҳамтои Сом
Або пир Дастон, ки будаш падар,
Або меҳтарону гузинони дар.

Саҳифаи 1/4

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ