Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Қасоид, қитаот ва абёти пароканда қасида

Паричеҳра буте айёру дилбар,
Нигоре сарвқадду моҳманзар.
Сияҳчашме, ки то рӯяш бидидам,
Сиришкам хун шудасту бар мушаҷҷар.
Агар на дил ҳамехоҳӣ супурдан,
Бад-он мижгони заҳролуд мангар.
В-агар на бар бало хоҳӣ гузаштан,
Бар оташ бигзару бар дар-ш магзар.
Ба сони оташи тез аст ишқаш,
Чунон чун дар рухаш ҳамранги озар.
Ба сони сарви симин аст қаддаш,
Валекин бар сараш моҳи мунаввар.
Фареш он рӯи деборанги чинӣ,
Ки рашк орад бар ӯ гулбарги тар бар.
Фареш он лаб, ки то эдар наёмад,
Зи хулд оини бӯса н-омад эдар.
Аз он шаккар лабонат ин ки доим
Гудозонам чу андар об шаккар.
Аз он лоғар миён аст, ин ки ишқам
Чунин фарбеҳ шудасту сабр лоғар.
Ба чеҳра Юсуфи дигар, валекин
Ба ҳиҷронаш манам Яъқуби дигар.
Агар бутгар чунон пайкар нигорад,
Марезод он хуҷаста дасти бутгар!
В-агар Озар чун ӯ донист кардан,
Дуруд аз ҷони ман бар ҷони Озар.
Санавбар дидаму ҳаргиз надидам
Дарахти сим, к-аш бар сар санавбар.
Чунон, к-аз чашми ӯ тарсам, натарсид
Ҷуҳуди хайбарӣ аз теғи Ҳайдар.
Чунон к-он чашми ӯ кардаст бо ман,
Накард он номвар Ҳайдар ба Хайбар.
Чунон бар ман кунад ӯ ҷавру бедод,
Накарданд оли Бӯсуфён ба Шиббар.
Чунон чун ман бар ӯ гирям, нагиряд,
Абар Шаббир Заҳро рӯзи маҳшар.
Маро гӯяд зи чандин шеъри шоҳон,
Зи чандин ошиқона шеъри дилбар.
Ба ман деҳ, то бидорам ёдгорӣ,
Ба пардай чашм бинвисам ба анбар.
Ба ҳалқа зулфаки хештан бибандам,
Чу таъвизе фурӯ овезам аз бар.

Саҳифаи 1/4

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ