Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


1. БАҲРОМИ ГӮР

Дар сарчашмаҳои зиёде ду байт, дар ривояти дигар як байт ба подшоҳи Сосонӣ-Баҳроми панҷум (замони ҳукмронияш аз соли 420 то 438 милодӣ) нисбат додаанд. Агар интисоби ин шеър ба Баҳром асосею ҳақиқате дошта бошад, нусхаи мавҷуд бардоште аз он асл аст. Ба эҳтироми назари гузаштагон ва ошноии хонандаи имрӯз бо онҳо мо ду варианти шеъри мазкурро интихоб намудем:

Манам он шери гала,
Манам он пили яла.
Номи ман Баҳроми Гӯр,
Кунятам Бӯҷабала.

Дар ривояти дигар:

Манам он пили дамону манам он шери яла,
Ном Баҳром марову падарам Бӯҷабала.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ