Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБӮЗАРИ БУЗҶОНӢ

Шайх Абӯзари Бузҷонӣ аз аввалин орифони шоир аст. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» соли вафоташро 387 ҳиҷрӣ (997 милодӣ) таъйин карда ва аз мулоқоти ӯ бо Султон Маҳмуд хабар медиҳад. Шайх Аҳмади Ҷомӣ ба ӯ иродати комил дошта ва 13 байти Абӯзарро дар осораш зикр намуда, ба ин васила онҳо то мо расидаанд. Ӯ дар шеъри арабӣ ҳам даст доштааст. Ин аст ашъори боқимондаи Абӯзар, иборат аз 13 байт:

Мо бор Худои босазоем
В-андар ду ҷаҳон яке Худоем.
Мо нури сурури орифонем,
Мо чашму чароғи авлиёем.
Намруд ба гоҳ буд Озар,
Гуфто, ки Худои халқ моем.
Бечоратарини халқ ӯ буд,
Бечора бимурду мо ба ҷоем.
Бас дасти муборизони корӣ
Мо банд зи ҳамдигар кушоем.
Бас бевазанон, ки бева кардем,
Бас шоҳ, ки дар лаҳад ниҳодем.
Касро нарасад чарое бар мо,
Ҷуз он набувад, ки мо ниҳодем.
Нарасад бандаро худовандӣ,
Ҷумла гуфтам, агар хирадмандӣ.
Банда бе банд подшаҳ набувад,
Банда з-он гуфтаанд, ки дар бандӣ...

Саҳифаи 1/4

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ