Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АҲМАДИ МАНСУР

Зикри номи Аҳмади Мансур бо ду байти ӯ дар «Тарҷумонулбалоға»-и Родуёнӣ омадааст. Бояд гуфт, ки пайвастани шахсияти Аҳмади Мансур бо касони ба исми ӯ наздик асоси муътамад пайдо накардааст. Ду байте, ки ба номи Аҳмади Мансур омадааст, ин аст:

Он ки туро банд карду банда-тро низ,
Бандӣ кардаст нопадидею пинҳон.
Банди ту аз оҳан асту банди ман аз ғам,
Банди ту бар пою банди банда-т дар ҷон.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ