Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ИСТИҒНОИИ НИШОПУРӢ

Абулмузаффар Наср ибни Муҳаммад Истиғноии Нишопурӣ аз ҷумлаи шоирони асри Х аст. Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъулфусаҳо» Истиғноиро шоири аҳди Оли Бӯя ва Оли Сомон медонад. Ин шоир яке аз ҳафт шоири маъруфи Нишопур аст, ки Манучеҳрӣ дар қасидаи маъруфи худ зикр кардааст. Қитъаи зайл ягона шеърест, ки аз Истиғноӣ боқӣ мондааст:

Ба моҳ мондӣ, агар нестиш зулф сиёҳ,
Ба Зӯҳра мондӣ, агар нестиш мушкин хол.
Рухон-шро ба яқин гуфтаме, ки хуршед аст,
Агар набудӣ хуршедро кусуфу завол.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ