Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБӮТАЙЙИБИ САРАХСӢ

Абӯтаййиби Сарахсӣ гӯё аз зумраи шоирони Оли Сомон буда, се байти зайли ӯ дар «Маҷмаъулфусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят оварда шудааст:

Эй подшоҳи рӯи замин, давр аз они туст,
Андешаи тақаллуби даврон куну замон.
Бехе нишон, ки давлати боқӣ-т бар диҳад,
К-ин боғи умр гоҳ баҳор асту гаҳ хазон.
Чун ком ҷовидон мутасаввир намешавад,
Хуррам касе, ки зинда кунад ном ҷовидон.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ