Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБӮШУАЙБИ ҲИРАВӢ

Абӯшуйаб Солиҳ ибни Муҳаммади Ҳиравӣ низ аз ҷумлаи шоирони аҳди Сомониён аст. Манучеҳрӣ дар байти зайл дар радифи шоирони бузург номи ӯро зикр кардааст:

Дар Хуросон Бӯшуайбу Бӯзар, он Турки Кишӣ
В-он Сабури Порсӣ, в-он Рӯдакии чангзан.

Аз ашъори Абӯшуайби Ҳиравӣ 16 байти зерин боқӣ мондааст:

Шокири неъмат набудам, ё фато,
То замона зад маро ногоҳ кустКуст – кӯс, осеб, садама, латма.

Саҳифаи 1/11

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ