Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ТОҲИР ИБНИ ФАЗЛИ ЧАҒОНӢ

Амир Абӯяҳё (Абулҳасан ё Абулмузаффар) Тоҳир ибни Фазл ибни Муҳаммад ибни Муҳтоҷи Чағонӣ аз зумраи авлоди хонадони амирони Оли Муҳтоҷи Чағониён буд. Вай писари амми амир Абулмузаффар Фахруддавла Аҳмад ибни Муҳаммади Чағонӣ – мамдӯҳи шоирон Мунҷик, Дақиқӣ ва Лабибӣ мебошад. Дар баробари мансубият ба мақоми волои давлатӣ ӯ шоири машҳур ҳам буд ва дар мадҳаш Мунҷики Тирмизӣ ва Бадеи Балхӣ шеърҳо гуфтаанд. Аз ашъори Тоҳири Чағонӣ абёти зайл дар шакли як ғазал, панҷ қитъа, ду рубоӣ ва ҳашт фардбайт, дар маҷмӯъ 31 байт боқӣ мондааст:

Дилам танг дорад бад-он чашми танг
Худованди дебои фирӯзаранг.
Ба чашми гавазн асту рафтори кабк,
Ба кашшӣ чу гӯр асту кибри паланг.
Сухан гуфтанаш талху ширин ду лаб,
Чунон, к-аз миёни ду шаккар шаранг.
Камони ду абрӯшу он ғамзаҳо
Якояк ба дил - бар чу тири хаданг.
Бад-он монад он бут, ки хуни маро
Кашидаст бар бӯри тозиш танг.
Яке фол гирему шояд будан,
Ки гетӣ ба як сон надорад диранг.

Саҳифаи 1/17

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ