Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ХУСРАВИИ САРАХСӢ

Ҳаким Абӯбакр Муҳаммад ибни Алӣ Хусравии Сарахсӣ дар дарбори Оли Зиёр шоире номдор буд ва мадҳи Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмгир ва Соҳиб ибни Аббоди вазир ва амир Насируддавла Абулҳасан Муҳаммад ибни Иброҳими Симҷӯрро мегуфт. Абӯбакри Хоразмӣ, ки соли 383 ҳиҷри (994 милодӣ) вафот ёфтааст, дар марсияи ӯ ба забони арабӣ қасидае дорад ва марги Хусравӣ бояд қабл аз соли таълифи қасидаи мазкур ба вуқӯъ пайваста бошад.

Хусравӣ шахси дар илму дониш шӯҳратманд буда, муаллифи «Таърихи Яминӣ» ӯро дар радифи Рӯдакӣ зикр мекунад. Ин шоир аз зумраи аввалин касонест, ки мафҳуму мазмунҳои ҳикматиро дар шеъраш ба кор бурдааст. Ӯ бо забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър мегуфтааст. Адиб Собири Тирмизӣ дар байти зайл аз Хусравӣ чунин ёд кардааст:

Дар ту, эй тоҷи маъолӣ, олӣ ояд шеъри ман
Ҳамчу дар Шамсулмаолӣ шеърҳои Хусравӣ.

Аз ин шоир дар маъхазҳои гуногун 112 байт шеър зикр гардидааст. Ашъори ӯро муаллифони сарчашмаҳо то ҷое иштибоҳан бо шеъри Хусравонӣ омехтаанд, ки имрӯз ҷудо кардани онҳо мушкилоти зиёде дорад. Дар фарҳангҳо абёте ба Хусравӣ нисбат дода шудааст, ки дар асл моли ӯ нест. Ашъори бозмондаи ӯ ба тартиби зайл аст:

Ҳама озодагӣ ҳиммати ту,
Қаҳр кардаст мар каёноро.

Саҳифаи 1/75

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ