Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk




АБӮАБДУЛЛОҲ (АБУЛҲАСАН) ҶАЪФАР ИБНИ МУҲАММАД ИБНИ ОДАМ ИБНИ АБДУРРАҲМОН РӮДАКӢ (858-941), ки дар таърихи адабиёт беш аз 52 унвони ифтихорӣ (қофиласолор, соҳибқирон, надимушшуаро, маликушшуаро, падари шеъри форсӣ) дорад, бо иттифоқи муаллифони сарчашмаҳо ва тасдиқи муҳаққиқон, асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик аст. Албатта, дар рӯзгори Бармакиҳо, Тоҳириёну Саффориён шоирони зиёде зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ки ашъори онҳо барои муайян намудани хусусиятҳои адабиёти давр ва минбаъда хеле муҳим аст. Шоирон Абӯсалики Гургонӣ, Пирӯзи Машриқӣ, Абулаббоси Марвазӣ, ҳанзалаи Бодғисӣ, Маҳмуди Варроқ, Бассоми Курд, Муҳаммад ибни Мухаллад, Муҳаммад ибни Васифро «Таърихи Систон» нахустшоирони порсигӯ медонад, ки гӯё аз онҳо дар маҷмӯъ 58 байт боқӣ мондааст ва аз он 23 байташ аз қасидаи Муҳаммад ибни Васиф аст, ки дар ситоиши амири Саффориён Яъқуб ибни Лайс буда, нахустин шеъри порсӣ-тоҷикӣ пас аз ҷорӣ гардидани ислом мебошад. ҳамаи шоирони то Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷик саҳм доранд, вале ҳеҷ кадоме аз онҳоро бо Рӯдакӣ наметавон дар як саф гузошт. E аввалин шоирест, ки қариб дар ҳамаи навъҳои адабӣ достон (маснавӣ), қасидаҳои комил, қитъа, рубоӣ, ғазал, таркиббанд ва ғ. эҷод кардааст. E нахустин шоири соҳибунвон аст. Аз ин рӯ, устод Рӯдакӣ пояи шеъри форсӣ-тоҷикиро ба маънои томи сухан устувор сохт, мактаби адабии адабиёти тоҷикро пойдор намуд, бунёди сабки хоси адабиро таъсис дод, ки онро сабки хуросонӣ ё туркистонӣ, ё ки мовароуннаҳрӣ, ё ин ки бухороӣ ва ё сабки Рӯдакивор гуфтаанд.

Маҳз аз ҳамин сабаб, аҳли эҷод чи дар замони шоир ва чи дар садаҳои минбаъда ӯро бо як овоз устодушшуаро, султонулудабо, соҳибқирони шоирӣ ёд кардаанд. Зиёда аз он салтанати ҳокимону шоҳонро назди таърих фанопазир дониста, адабиётро сабаби бақои исм-ҷовид мондани номи эҷодкорон ва ҳатто подшоҳон гуфтаанд. Ба ин маънӣ шоир Ибни Ямини Фарюмадӣ хеле хуб ишора намудааст:

Зи шоир зинда мемонад ба гетӣ ном шоҳонро,
Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.

Рӯдакӣ на танҳо жанрҳои адабиро поягузорӣ кард, онҳоро такмил дод, балки барои ғанӣ гардонидани мавзӯъҳои адабиёти форс-тоҷик саҳми бевосита гузошт. Агар дар адабиёти асрҳои VIII-IХ асосан се мавзӯъ: васфӣ, ишқӣ ва ҳаҷвӣ дучор шавад, дар асрҳои IХ-Х бошад, доираи мавзӯъҳо низ хеле васеъ гардидаанд. Ё ба хусус, дар ҷузъиёти мавзӯъои иҷтимоӣ, панду андарзӣ, ҳаммосӣ, тамсилӣ, хамрӣ, мадҳӣ, ҳаҷвӣ, сӯгворӣ, шиквоӣ ва умуман мавзӯъҳои размию базмӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Яке аз хизматҳои муҳими устод Рӯдакӣ таъсиси мактаби адабии Бухорост. Зеро ба қавли ӯву ташаббус ва саҳми бевоситаи  устод Рӯдакӣ: «Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост». Аз ин рӯ, устод Рӯдакӣ «ай Бухоро, шод бошу дер зӣ», зеро «Бухоро-осмон»-у, «Бухоро бӯстон» аст.

Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ