Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk


Димнаро гуфто, ки то ин бонг чист,
Бо ниҳебу саҳм ин овои кист?
Димна гуфт ӯро: «Ҷуз ин ово дигар,
Кори ту на ҳасту саҳме бештар!
Об ҳар чи бештар ниру кунад,
Банду варғиВАРҒ – садд ва банде, ки дар пеши об гузоранд, банди об. Ин вожа дар назм ва насри куҳан (бавижа назм) ба суратҳои «барғ», «барқ» ва «барг» дар «Гаршосбнома», осори Аттор, шеъри Фаррухӣ ва ғайра ба кор рафтааст. Вожаи «варғ»-ро Айни дар «Ёддоштҳо» – и худ низ истифода кардааст. Шояд, калимаи «дарғ», ки акнун дар забони тоҷикӣ мустаъмал аст, сурати дигаре аз «варғ» бошад. Вожаи «дарғ» дар «Таърихи Бухоро» ба сурати «дарғот» омадааст, ки ин вожа низ дар забони тоҷикӣ мутадовил аст. Ду калимаи «банд» ва «варғ» дар ин шеъри Рӯдакӣ дар чопи академик А. Мирзоев иштибоҳан «бандруғ» сабт шудааст. сусту пӯда бифганад.
Дил гусаста дорӣ аз бонги баланд,
Ранҷаке бошад-ту озору газанд!»

Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ