Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk


Ба ҳақ нолам зи ҳиҷри дӯст зоро,
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.
Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.
Чу ориз барфурӯзӣ, мебисӯзад,
Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро.
Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте,
Нишинӣ бар мазорам сӯгворо.
Ҷаҳон ин асту чунин аст, то буд,
Ва ҳамчунин бувад, инанд боро!
Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад,
Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо.
Ту-шон зери замин фарсуда кардӣ,
Замин дода мар эшонро зағоро.
Аз он ҷонбӯзҶОНБӮЗ – ба сурати сифати таркибии “ҷонтӯз” ба маънии ғоратгари ҷон низ сабт шудааст. Ба назари мо, таркиби “ҷонтӯз” чандон муносиб нест, вале таркиби “ҷонбӯз” ба маънии “ҷонпаноҳ, паногоҳи ҷон” саҳеҳтар аст. Таркиби “ҷонбӯз” дар ҳамин маънии ёдшуда ду бор дар китоби “Вис ва Ромин” ба кор рафтааст. Калимаи “бӯз” моддаи музореъ аз феъли “бӯхтан” аст ба маънии “наҷот додан” ва “раҳоӣ додан”, ки дар форсии миёна дида мешавад. Бинобар ин “ҷонбӯз” ба маънии “раҳонанда” ва “наҷотдиҳандаи ҷон” ва дар маънои дуввум ва маҷозӣ, ки дар шеъри Рӯдакӣ ва Фахриддин Асъади Гургонӣ ба кор рафта, паногоҳ ва ҷое аст, ки ҷони инсон ҳифз мешавад. лахте хуни раз деҳ,
Сипарда зери пой-андар сипоро!

Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ