Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk


Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.
Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳоиСИҲО – банд ва мӯҳри нома. номаи ту,
Агар бибинам бар мӯҳри ӯ нигини туро.
Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро.
Агарчи хомӯш мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман бар вай гардад офарини туро.

Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ