Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk


Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое.
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!ОҲАНИ САРД КӮБИДАН – кори бенатиҷа ва бесамар кардан.
Аё савсан, баногӯше, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро!
Яке з-ин барзане нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе.
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!
Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Биё, инак нигоҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ