Интишорот
РӮДАКӢ ВА БОЗСОЗИИ МАСНАВИИ «СИНДБОДНОМА»-И Ӯ (Ибтидо)
Зумрае аз муҳаққиқони Ғарбу Шарқ аз аввалҳои садаи XIX сар карда, доир ба абёти парокандаи маснавиҳои «Калилаю Димна» ва «Синдбаднома»-и устод Рӯдакӣ фикру мулоҳизаҳои ҷолибе баён кардаанд. Паул Ҳорн, Саъид Нафисӣ, Евгений Бертельс, Шарифӣон Ҳусейнзода бештар аз хусуси абёти парешони «Калилаю Димна»; Дабир Сиёқӣ ва Ҷ. Азизқулов зиёдтар роҷеъ ба байтҳои олоҳидаи «Синдбаднома» сухан рондаанд...
РӮДАКӢ ВА БОЗСОЗИИ МАСНАВИИ «СИНДБОДНОМА»-И Ӯ (Хотима) Мувофиқи мазмуни «Достони бозоргони латифтобеъ» чун ханизаки нонфурӯш ба бозоргон воқеаи бар ҷароҳати хоҷааш бастани ҳамир ва аз он чӣ навъ пухтани нонро нақл кард, сипас бозоргон ба ҷон ранҷиду гуфт: «Лаънат бар ту боду бар ин суоли нобарҷойгоҳ! Кошкӣ ҳаргиз туро надидаме ва аз ту кулча нахаридаме!...» (с. 107)
Зоҳиран абёти зерини Рудакӣ низ аз ҳамин ҳикояти номбурда аст:
Одамрӯею дар батин баде...
Нони он мудхилМудхил – нокас, лаим, фурӯмоя, аблаҳ зи бас зиштам намуд,
Аз пайи хӯрдан гувориштам намуд (с. 139)
АШЪОРИ РӮДАКӢ ДАР «ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ» Ибни Ямин
Агар ба авомили муҳаббати беандозаи тоҷикону форсизабонон нисбат ба дудмони сомонӣ ишора намоем, бешак яке аз ин ангезаҳо шоирпарварӣ ва аз ҷумла гиромидошти Рӯдакӣ(858-941) дар замони истиқрори ҳукумати эшон бар Хуросон аст. Амирони бокарами сомонӣ хуб дарк карда буданд, ки:
Фуруғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.
З-ин бувад шоирнавозӣ одату расми киром.
ТАҶАССУМИ СИМОИ РӮДАКӢ ДАР САҲНА Фарогирии эстетики воқеияти таърихӣ, дарки фалсафии зиндагии маънавии инсон дар драматургияи тоҷик аз дроми «Рӯдакӣ»-и устод Сотим Улуғзода оғоз гардид. Минбаъд ин ҷустуҷӯ дар дромҳои Ғанӣ Абдулло, Расул Ҳодизода, Абдусалом Атобоев, Аъзам Сидқӣ идомаи худро ёфт ва таваҷҷӯҳи муаллифон бештар ба тасвири бузургӣ ва наҷобати руҳӣ инсон равона гардид.
Драмаи таърихии тоҷик чун жанри мустаӣили драматургияи миллӣ дар арзи даҳсолаҳо роҳи номунтазами ташаккулу инкишофро тай намуд ва имрӯз метавон гуфт, ки дар он ҷанбаи ахлоқию эстетикӣ ва зуҳуроти суннатҳои миллӣ ӣавитар гардид ва ба ҷузъи назарраси тамаддуни мо табдил ёфтааст.